Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шудани Абдулфаттоҳ Ас-Сиси ба унвони ӯ барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоб муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу карда мешавад.
«Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умку аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем», - омадааст дар барқия.
Қобили зикр аст, ки маъракаи интихоботи президенти Миср рӯзҳои 26-27-уми июн доир гардида, рӯзи дигар натиҷаҳои ғайрирасмии он маълум шуданд. Тибқи маълумоти тоза, бо касби 92,9%-и раъйи интихобкунандагон собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Абдулфаттоҳ Ас-Сиси президенти Миср интихоб шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста