Рӯзи 2-юми июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвалро, ки барои иштирок дар машваратҳои сиёсии солона миёни Тоҷикистону Амрико ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳасана ва густариши ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи бештар ба масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ, хусусан ба дурнамои вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон зоҳир гардид.
Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон дар нигаҳдории амну субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пуштибонии он аз нерӯҳои байналмилалӣ дар умури таҳкими эътидоли иҷтимоию сиёсӣ дар Афғонистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон аз номи роҳбарияти кишвари худ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Ниша Десай Бисвал омодагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба дастгирии нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид намуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маорифу тандурустӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста