Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки ахиран фишор болои ҳизб аз ҷониби ҳукуматдорон тақвият меёбад.
«Албатта, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ин бора ҳарф задан нохуш ва дардовар аст, вале ҳаёти воқеъиро наметавон нодида гирифт. Воқеъият имрӯз чунин аст, ки фишор болои ҳизб рӯ ба афзоиш мениҳад», - гуфт ӯ ба хабарнигори «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи ӯ, ин фишор ба ҲНИТ шаклҳои бештар тоза ва баъзан бемаъниро мегирад. «Масалан, дирӯз ба мо мактуб – огоҳиномаи Агентии зиддифасод расид, ки дар он барои иҷрои қарори ҳукумати ҶТ аз соли 1996 ба мо 10 рӯз муҳлат дода шудааст. Ин қарор ба суғуртаи ҳатмии кормандони машғул дар истеҳсолоти хатарнок барои солимиву ҳаёт марбут аст. Огоҳ мекунанд, ки агар мо ин талабро иҷро накунем, чораҳои дигар андешида мешаванд. Саволе ба миён меояд: Аз кадом вақт аҳзоби сиёсӣ барои солимӣ ва ҳаёт хатарнок шудаанд? Тамоми ҳизбҳо ё танҳо ҳизби мо? Чунин ба назар мерасад, ки тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷамоатҳо сар карда то муассисаҳои таълимӣ уҳдадоранд, ки аз рӯи самти фаъолияти худ ба муқобили мо кор кунанд. Гӯё тамоми мушкилот ҳал шуда, танҳо як ҳизби мо боқӣ мондааст», - зикр кард Кабирӣ.
Дар шарҳи сабаби чунин сурат гирифтани воқеъаҳо ӯ душворӣ кашид. «Мо худамон ҳам донистанем, ки барои чӣ? Беҳтараш ин саволро ба онҳое пешниҳод кунед, ки ин мушкилотро рӯйи кор меоранд», - гуфт раиси ҲНИТ.
Ёдрас мекунем, ки ахиран дар видеохостинги Youtube зуд-зуд наворҳое гузошта мешаванд, ки дар онҳо афроди бадахлоқ худро аъзои ҲНИТ муаррифӣ мекунанд ё маводҳои бадномкунандаи ҳизб ба маърази тамошо гузошта мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста