Субҳи имрӯз дар идомаи сӯҳбатҳои телефонӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Сарбанд, Хуросон, Ёвон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъро доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда дар самти иҷрои буҷети давлатӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосили ғалладона, меваю сабзавот, кишти такрорӣ ва захираи маводи озуқа шунид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти кишвар ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда махсусан доир ба вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои нав ва таъсис додани ҷойҳои нави кории иловагӣ супоришҳои мушаххас доданд ва таъкид намуданд, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ ҳарчи бештар густариш дода шавад.
Гуфта мешавад, ҳамзамон бо ин Роҳбари давлат аз раисони шаҳру ноҳияҳои зикршуда тақвият додани корҳои ободонӣ, тармиму азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва бунгоҳу марказҳои саломатиро талаб кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста