Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳороти расмӣ интишор намуд.
Дар изҳорот зикр мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи ҳуҷум ба раиси ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлобро шадидан маҳкум намуда, онро ҷинояти тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳое медонад, ки оромию субот ва Ваҳдати миллиро халалдор кардан мехоҳанд. Дар арафаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом гирифтани ин ҷиноят бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз ҳам доираҳои мафиатҷӯ хоҳони бесуботӣ ва нооромии нав дар кишвар ҳастанд.
«Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти ҳизб ба хотири ҳимоя аз Ваҳдати миллӣ ва оромию субот дар кишвар сиёсати сабру таҳаммулгароӣ дар баробари фишору озори мақомот аз масъулияти аввалиндараҷаи ҳар узви ҳизб ба шумор мерафт. Боиси таассуф аст, ки аз сиёсати сабру таҳаммули ҲНИТ мақомоти давлатӣ сӯистифода намуда, фишору ҳуқуқвайронкунии худро бештар карданд.
Гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲНИТ идома ёфтани ин вазъиятро дар остонаи омодагӣ ба чорабинии муҳимми сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ барои субот ва амнияти кишвар хатарнок меҳисобад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо амалӣ намудани чораҳои мушаххас ҳарчи зудтар пеши роҳи амалҳои ғайриқонунӣ ва иғвогароёнаи баъзе мақомот ва гурӯҳҳоро бигирад ва нишон бидиҳад, ки масъулияти таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро новобаста аз нажод, дин, ҳизбият ва минтақа ба дӯш дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста