Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Рӯзи Русия ба унвони президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ба ман имрӯз ифтихори бузурге насиб шудааст, ки аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон Шумо ва тамоми русиягиҳоро бо таҷлили ҷашни солгарди иди миллии кишваратон табрик бигӯям».
«Бо қаноатмандии зиёд зикр карданиам, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо ҳарчи бештар вусъат меёбанд. Мо ният дорем, ки ҷиҳати истифодаи имконоти ғании муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳо минбаъд низ ҳамкориҳо бо Русияро густариш бидиҳем», - омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳори итминон мекунад, ки кӯшишҳои муштараки дуҷониба натанҳо ба таҳкими ҳамкории шариконаи Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақа низ мусоидат мекунанд ва баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафи нек, Тоҷикистон тамоми имконоти мавҷудаи доштаашро мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста