Рӯзи 13-уми июни соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Фатема Сумарро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз моҳи марти соли 2014 хонум Фатема Сумар аз ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон боздид намуд.
Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, санаи 10-уми июн зимни мулоқоти Сумар дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, аз ҷумла лоиҳаҳои зербинои минтақавӣ баррасӣ шуда, атрофи тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои шарикии дуҷониба дар самтҳои гуногун ва мушкилоти муҳими байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафйн табодули назар сурат гирифтааст.
«Туркманистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта, дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии СММ мунтазам дар соҳаи таъмини амнияти марзҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Оқибатҳои коҳиши нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ мешаванд», - зикр мегардад дар иттилои ВАО-и Туркманистон.
Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, дар ин кишвар хонум Фатема Сумар дар кори конфронс бахшида ба ташаббуси «Алматы консенсус», ки аз 11 то 13-уми июн баргузор шуд, ширкат варзидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста