Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гуфтугӯ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии истеъмолӣ аз ҳар ваҷаб замини обии корам пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнанд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, вусъат додани ҳама гуна корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорони ободгару бунёдкорро ба корҳои созандагӣ васеъ ҷалб намуда, ба ташкил ва густариши фаъолияташон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста