Сарфи назар аз фишорҳои ахир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои идона таҷлил хоҳад кард.
Котиби матбуотии ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «сарфи назар аз фишори афзоянда болои ҲНИТ, барои мо сулҳ ва оромии нисбӣ хеле муҳим аст, зеро он бо хуни шаҳидон ва бо хеле мушкилиҳо ба даст омадааст».
«Умедворам, ки дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ сарвари давлат оид ба мушкилоти ҳаёти кишвар, бахусус фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамлаҳо ба вакилон дар Кӯлобу Бадахшон изҳори назар мекунад, зеро ӯ кафили тамоми озодиҳои шаҳрвандону таъмини сулҳ дар кишвар аст», - гуфт Файзраҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 24-уми июн ба ин муносибат ҲНИТ бо иштироки раҳбарият ва ҷонибдорони ҳизб, намояндагони корпуси дипломатӣ, ҳукумати кишвар, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир намуда, дар манотиқи кишвар бошад, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста