Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре аз намояндагии ИА дар Тоҷикитстон хабар доданд, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо Риина Кионка, Мудири шӯъбаи осиёимарказии Хадамоти Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ, инчунин Жан Клод Буадан, Мудири шӯъбаи ҳамоҳангсозии ҷуғрофии барномаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик/мамолики Халиҷи Форс ва Осиё, Мудирияти умумӣ оид ба рушд ва ҳамкории Комиссияи Аврупо ширкат варзиданд. Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Саидраҳмон Назриев, Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ намуд.
Кумитаи ҳамкорӣ такроран ӯҳдадориҳои тарафайнро оид ба ривоҷ додани муносибатҳо дар хусуси як қатор масъалаҳо тасдиқ намуд, ва барои тафсири ислоҳотҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам овард. Тарафайн идомаи барномаҳои ИА дар Осиёи Марказиро барои давраи нави буҷавии аз соли 2014 то соли 2020 баррасӣ намуданд. Дар назар аст, ки минтақа ба қадри 1 млрд. евро кӯмак аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба даст оварад. Аз ин миқдор барои Тоҷикистон барои давраи муайяншуда 250 млн. евро барои дасгирии соҳаҳои аввалиятдоштаи тандурустӣ, маориф ва рушди мавзеи деҳот муқаррар гардидааст.
Кумитаи ҳамкорӣ масоили рушди макроиқтисодӣ, аз он ҷумла сармояҳои давлатӣ ва шахсӣ, инчунин рушти сохторҳо ва масоили савдоро муфассал баррасӣ намуд. Муҳокимаҳо инчунин масоили захираҳои обӣ, нерӯи обию барқӣ ва, умуман, энергетикаро дар бар гирифтанд. Эҳтиёҷи Тоҷикистонро ба нерў эътироф намуда, тарафи ИА бори дигар зарурияти ислоҳоти соҳаи энергетика, аз он ҷумла чораҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикиро таъкид сохт.
Иттиҳоди Аврупо зарурияти идома бахшидани пешрафт дар раванди демократикунонӣ, пешбарии волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, бо мақсади вусъатдиҳӣ ва ривоҷ додани равобити дутарафа байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон таъкид намуда, рағбати тарафи Тоҷикистонро барои тақвияти ислоҳот дар ин соҳаҳо дастгирӣ намуд.
ИА ҷаласаи навбатии Муколамаи оид ба ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш. Душанбе 17 июни соли 2014 шуда гузашт, пазируфт ва таъкид бар он намуд, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои умда, аз он ҷумла озодии баён ва дин, озодӣ аз шиканҷа ва дигар муомилаи дағал пояҳои асосии равобити дутарафа бо Тоҷикистон мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста