Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт ҳамчунин як боғчаи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебо сохта шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи боғчаи нави кӯдакони рақами 63 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ин бино бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби ҶДММ Стройэлита бунёд ёфта, барои 130 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Бино аз ду ошёна ва утоқу толорҳои гуногуни бо олоту ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дорои шароити хуби таълиму тарбияи кӯдакон аст.
Дар атрофи бино мавзеъҳои зиёди бозию дилхушӣ ва машғулиятгоҳҳои махсус омода шудаанд, ки боиси афзун намудани завқи кӯдакон ва қобилияти фикрронияшон мегардад. Тавре аён гардид, насли навраси имрӯза, ки дар фазои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз парвариш меёбанд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ доранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маорифи кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии боғчасозиро таҳия намоянд, то ки минбаъд муассисаҳои томактабӣ бо сифати баланд ва тақозои давру замон мутобиқ сохта шаванд ва таъкид дошт, ки талабот ба чунин муассисаҳо хеле зиёд аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста