Бегоҳии рӯзи 23-юми июн дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хоса даъват намуданд.
Миёни онҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд.
Арзи боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои ду кишвари дӯст густариши фарох пайдо мекунанд, зеро то имрӯз ҳам миёни Тоҷикистону Малайзия ҳамкории судманд, хусусан дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ба назар мерасад.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста