Ҳафтаи равон дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ баргузор шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир гардидааст.
«Ҷонибҳо лоиҳаи Созишнома миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ, масоили сохтмони ду пул ва қитъаи роҳи мошингарди Кулунду-Максатро баррасӣ намуда, ҳамчунин муовинони нахуствзирони кишварҳо бевосита дар маҳал бо ҷараёни сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш шинос шуданд», - гуфтанд дар ҳукумати ҶТ.
Зимнан зикр гардид, ки сари ин масъалаҳо ҷонибҳо то ҳанӯз комилан ба тавофуқ нарасида, ояндаи наздик ба гуфтушунидҳо идома бахшида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста