Ҳукуматдорони шаҳри Панҷакент дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин шаҳрро бастанд.
Бино ба иттилои сомоани расмии ҲНИТ, мақомоти иҷроияи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент гуфтаанд, дафтари кории бахши ҲНИТ дар ин шаҳр расман ба қайд гирифта нашудааст, биное, ки ҳаст, ҳамчун мағоза ба қайд гирифта шудааст ва барои статуси идораи маъмурӣ ҳисоб шудани ин бино қарори раиси шаҳр лозим будааст.
Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҳизб дар шаҳри Панҷакент дар ин робита изҳор намудааст, ки нахуст ҳукумат онҳоро хотиррасон карда буд, ки аз сабаби дар канори роҳ будани дафтари ҳизб эҳтимол онро тахриб намоянд. Вақте қарори қаблии хешро дигар карданд ва паҳнои роҳи автомобилгард аз 34 метр ба 18- 20 метр иваз шуд, дафтари ҳизбро бояд вайрон намекарданд, вале ба ҳар ҳол, қисмати бино тахриб гардидааст.
Масъулини бахши ноҳиявии ҲНИТ талош карданду боқимондаи онро обод карданд, вале боз ҳам ин ба ҳукуматдорон маъқул наомад. Ахиран, онҳо рӯи биноро “палатка” кашида, гуфтаанд, фаъолияти ҳизб дар ин ҷо манъ мебошад, чун бино ҳамчун макони тиҷорӣ сабти ном шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста