Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаевро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбати судманд сурат гирифт.
Гуфта мешавад, Урмат Саралаев изҳор доштааст, ки бо истифода аз таҷриба ва равобите, ки дар Тоҷикистон касб кардааст, минбаъд низ барои таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя саҳми худро мегузорад.
Урмат Саралаев соли 1975 таваллуд шудааст. Санаи 20-уми октябри соли 2010 бо фармони президенти Қирғизистон Урмат Саралаев сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.
Ба ҷойи ӯ сафир нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов таъин шуд. Мирослав Ниёзов соли 1951 таваллуд шуда, собиқ раиси Шӯрои амният ва қаблан низ намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста