- Маъракаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон ба тамоми ҷаҳониён собит кард, ки ҳузури беш аз даҳсолаи ИМА ва шарикони ӯ дар НАТО дар ин кишвар асосҳои бесобиқаи демократия дар минтақаро замина гузоштанд ва иштироки фаъоли мардуми афғон дар ҷараёни интихобот гувоҳи ин гуфтаҳост, - гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршинос оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.
Ба гуфтаи ӯ, амалҳои президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳаммаслакони ӯ, ки акнун мансабҳоро тарк мекунанд, бо даст задан ба тақаллубкорӣ дар натиҷаҳои интихобот ва нодида гирифтани иродаи аксари мардум, тамоми саъйу талошҳои демократикунонии ҷомеаи афғонро ба нестӣ бурданд.
Дар идома ӯ зикр кард, ки натиҷаҳои пешакии чанде қабл эълоншудаи интихобот, ки дар он собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пирӯз меояд, як кӯшиши Карзай ва дастаи ӯ баҳри ташаккул додани афкори ҷомеа то эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот аст.
«Баъди мансабро тарк намудан, Карзай дар кишвари худ гардиши нави буҳронро ба вуҷуд овард, ки аллакай бар заминаи миллатгаройӣ асос ёфтааст», - афзуд коршинос.
Мутобиқи натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Афғонистон, ки аз ҷониби раиси Комиссияи мустақили интихоботӣ Юсуф Нуристонӣ зимни конфронси матбуотӣ дар Кобул эълон шуд, дар ин маърака собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай – 56,44% ва собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло – 43,56%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот санаи 24-уми июл маълум мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста