Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси ваиклони халқи шаҳри Душанбе, ки ба санаи 31-уми июл таъин шуд, масъалаи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36, собиқ муовини раиси пойтахт Аблаҳад Оев низ баррасӣ мешавад.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ваколатҳои Абдулаҳад Оев бинобар сабаби ҳалокати ӯ дар садамаи нақлиёт, ки рӯзи 24-уми май дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд рух дод, қатъ карда мешаванд.
Роҳбари дастгоҳи Комисиияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев дар шарҳи ин масъала ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки бар асоси қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, комиссияи интихобот ва раъйпурсии пойтахт ба таъини вакили нав дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба ҷойи А.Оев ҳуқуқ надорад.
«Қонунгузории интихоботи кишвар ба баргузории интихобот ба ҷойи вакили хориҷшуда дар ҳама сатҳҳои ҷумҳурӣ дар сурати камтар аз як сол боқӣ мондани анҷоми ваколатҳои онҳо имкон намедиҳад», - қайд кард Додоев.
Номбурда ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ваколатҳои вакилони кунании ҳамаи сатҳҳо дар Тоҷикистон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста