Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода дар Рӯзҳои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони “Тавсеаи амният тавассути дипломатияи об: нақши САҲА” дар Вена ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур Дабири Кулли САҲА Ламберто Занниер, Раиси Шӯрои доимии Созмон (Швейтсария) Сафир Томас Гремингер ва шоҳзодаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ал-Ҳассан бин Талал суханронӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи якуми чорабинии Рӯзҳои амниятии САҲА, ки ба мавзӯи "Нигоҳи амниятӣ доир ба масъалаҳои об" бахшида шуда буд, маърӯза намуда, дар муҳокимаи ин масъала низ иштирок кард.
Гуфта мешавад, ширкаткунандагони чорабинии мазкур мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, дигаршавии иқлим, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва нақши дипломатияи об дар қаламрави кишварҳои САҲА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста