Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин в аалоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳо бори навбатӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар масъалаи сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯтош-Оқсой-Тамдик-Кишемиш ва Исфара-Ворух ба мувофиқа расанд.
«Ҳайатҳои ҳукумати баҳри раҳоӣ аз сардаргумие, ки пас аз вохӯрии рӯзи 7-уми июл ба вуҷуд омадаву дар масъалаи сохтмони роҳҳои мазкур созиш ба даст наомад, талош хоҳанд варзид», - зикр кард манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҳарду ҷониб ҳам хостори онанд, ки баҳсу эътирозҳо бояд то сафари расмии сарвари давлати Қирғизистон Алмаз Отамбоев ба Душанбе, ки моҳи сентябр пешбинӣ шудааст, ҳаллу фасл шаванд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки маълумоти дар Қайроққум ба мувофиқа нарасидани ҷонибҳо дар сохтмони роҳро аҳолии маҳаллии шаҳри Исфара бо яъсу ноумедӣ қабул карда, дар ин ҷо то қадре нооромии вазъ ба мушоҳида мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста