Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолии ҳизб ҷиҳати пешбарӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар оғоз намуд.
Роҳбари ситоди марказии пешазинтихоботӣ, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар, ки бахшҳои ибтидоии ҳизб фаъолият доранд, ситодҳои пешазинтихоботии ҲНИТ таъсис дода шудаанд.
«Ғайр аз ин, дар ҳамаи минтақаҳо ҳизби мо нозирони худро омода мекунад, ки дар интихоботи тамоми сатҳҳо дар кишвар моҳи феврали соли оянда фаъолият хоҳанд кард», - таъкид дошт М.Ҳайит.
Дар идома ӯ зикр кард, ки бахшҳои ибтидоии ҳизб ояндаи наздик ба баррасии Шӯрои ҲНИТ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ аз ҳизб барои вакилӣ дар сатҳҳои гуоногунро пешниход хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад.
Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад. Ҳамчунин ваколати вакилони тамоми сатҳҳо дар Тоҷикистон 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста