Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба садамаи фоҷеъабор дар метрои шаҳри Маскав ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «аз хабари фоҷеъа дар метрои Москва, ки дар натиҷаи он қурбониҳои ҷонӣ ва захмӣ шудани одамони бисёр ба вуқӯъ пайваст, сахт ғамгинам».
«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки тасаллияти самими моро ба ақрабо ва пайвандони фавтидагон, ҳамчунин таманнои ба зудӣ сиҳатёбиро ба ҳамаи ҷабрдидагон бирасонед», - гуфта мешавад дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав дар маҷмӯъ 22 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон – Бӯрӣ Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов (ҳарду 22-сола) ба ҳалокат расиданд. Шумори умумии ҳалокшудагон ва осебдидагон аз ин садама 162 нафар уновн мешавад. Айн замон 129 нафар осебидагон дар бемористону дармонгоҳҳо бистарианд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста