Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмсон Бинобар суқути ҳавопаймои ширктаи ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии Украина ба сарвазири ин кишвар Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд».
«Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯст ва бародари Малайзия аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд» - омадааст дар барқия.
Ҳамчунин дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр Клаус Георг Фердинанд низ барқияи тасаллият фиристод, ки дар он аз ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Нидерланд дар ин садама изҳори ҳамдардӣ карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз дар ҳарими ҳавоии Украина ҳавопаймои Боинг – 777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия, ки тариқи хатсайри Амстердам – Куала-Лумпур парвоз мекард, мавриди суқут қарор гирифта, дар натиҷа ҳамаи мусофирону ҳайати идоракунундаи ҳавопаймо – 298 нафар ба ҳалокат расиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста