Зимни вохӯрӣ дар палатаи болоии парлумони Британияи Кабир санаи 2-юми июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки хадамоти махсуси Тоҷикистон Александр Содиқовро барои робита бо бархе аз афроди номақбул боздошт карданд. Дар ин бора eurasianet.org хабар медиҳад.
Дар посух ба савол оид ба тезонидани мурофиаи судии парвандаи Содиқов, вазир қайд кард, ки дар бораи маҳкум ё озод шудани боздоштшуда чизе гуфта наметавонад. «Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки Содиқов шаҳрванди Тоҷикистон буда, парвандааш тибқи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҷаноби Содиқов бо чанде аз шахсони номақбул робита дошт. Хадамоти махсус дар бораи вохӯрии ӯ бо ин шахсон маълумот дастрас намуда, ӯро боздошт карданд», - иброз доштааст С.Аслов.
Қобили зикр аст, ки Александр Содиқов рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ пас аз мулоқот бо раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Алим Шерзамонов боздошт шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ дар Палатаи лордҳо ба суханонаш идома бахшида, зикр кардааст, ки ВМКБ дар марз бо Афғонистони ноором воқеъ аст ва марз ҳамагӣ дар 500 метр аз меҳмонхона (шояд меҳмонхонае, ки дар он Содиқов иқомат дошт) ҷойгир мебошад.
«Пӯшида нест, ки дар ин минтақа ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, ин минтақа таҳти назорати қатъии баъзе муассисаҳо қарор дошта, хадамоти махсус фаъолияти шахсони мухолиф дар ин вилоятро назорат мекунанд. Ин шахсон ба рӯйдодҳои зӯроваронаи ахири Хоруғ ҷалб шуда буданд. То вохӯрӣ бо ин шахсон ҷаноби Содиқов мебоист аз ҳукуматдорон иҷозат мепурсид ва мо ҳатто ба таҳқиқоти ӯ кумак мекардем. Аммо мутаассифона, ӯ бидуни иҷозати ин мақомот ба вохӯрӣ рафта ва маҳз барои ҳамин боздошт шуд», - изҳор доштааст С.Аслов
Ҳамчунин Сироҷиддин Аслов изҳори умедворӣ намудааст, ки тафтиши ин ҳодиса ояндаи наздик ба итмом мерасад. «Ба хулосаи мусбат умедворам», - иброз доштааст ӯ.
Вазир таъкид доштааст, ки мақомоти амнияти Тоҷикистон дарк мекунанд, ки бо ин амали ҳабси олимони бегуноҳ метавонанд ба муҳити сармоягузории кишвар зиён оваранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста