Ахири соли равон ва аввали соли 2015 баргузор шудани анҷуманҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар назар аст.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, маъракаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколати вакилони палатаи поёнии парлумон, маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ, ки 25-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасанд, таъин карда мешавад.
Интихоби вакилон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пас аз 25 рӯзи баргузор шудани интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад.
«Баъди эълони санаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон, маҷлисҳои вакилони халқи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки дар муддати 45 рӯз анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор намуда, рӯйхатҳои ҳизбии номзадҳо барои иштирок дар интихоборо муайян намоянд», - қайд кард Додоев.
Ба гуфтаи ӯ, муддати 30 рӯзи боқимонда то санаи раъйдиҳии интихобкунандагон аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақили худпешбаришуда бо аҳолӣ вохӯриҳо доир намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро таблиғ мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста