Александр Содиқов, муҳаққиқи ҷавони тоҷик, ки моҳе қабл ба гумони ҷосусӣ боздошт шуда буд, бо шарти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд.
Хабарнигори «Азия-Плюс» тариқи телефон бо ӯ дар тамос шуда, мусоҳибаи кӯтоҳе орост, ки дар зер манзуратон мегардонем.
Александр, айни замон шумо дар куҷо қарор доред?
- Аз дирӯз ман дар манзили зистам бо аҳли оилаам қарор дорам.
- Шуморо пурра бегуноҳ эътироф намуданд, ҳамай айбномаҳо нисбати шумо бекор шуданд?
- На, алҳол тафтиш идома дорад. Дар посух ба дархостҳои мо мақомоти интизомӣ тасмим гирифтанд, ки чораи пешгирии ҳабс дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба шарти тарк накардани маҳалли зист иваз карда шавад. Дирӯз маро аз тавкифгоҳ ба хонаам ҷавоб доданд. Акнун мо анҷоми тафтишро мунтазир мешавем.
- Худро чӣ хел ҳис мекунед? Дар тавқифгоҳ бо шумо чӣ гуна муностибат мекарданд? Шароити он ҷо чӣ гуна буд?
- Худро хуб ҳис мекунам. Замони дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор доштанам муносибати намояндагони муассиса бо ман комилан ҳирфаӣ буд. Шароити будубош низ хеле хуб аст: дар тавқифгоҳ ғизои хуб медиҳанд, хуб муносибат мекунанд, вазъи солимиро муоина мекунанд ва маҳсулоту чизҳои расида аз наздиконро медиҳанд.
- Тафтиш нисбати шумо аллакай беш аз як моҳ идома дорад. Ҷараёни онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ман бовар ҳосил кардам, ки тафтиш нисбати ман ҳирфаӣ ва беғаразона аст. Умедворам, ки ба ҳамин минвол идома мекунад. Мавриди зикр аст, ки баъди шиносоӣ бо чанде аз мавод дар ВАО оид ба қазияи ман, зикр карданиам, ки изҳороти рӯи кори илмиам (диссертатсия) фаъолият доштанам дар Хоруғ ба воқеият рост намеояд. Таҳқиқоте, ки рӯйи он ман дар Хоурғ кор мекардам, ба диссертатсияи ман ҳеҷ муносибате надорад.
Ҳамчунин тариқи нашрияи шумо дархост карданиам, ки намояндагони дигар ВАО алҳол ба ман бо саволҳо муроҷиат накунанд. Айни замон ман бо оилаи худ будан мехоҳам ва ҳамчунин хоҳони онам, ки сарусадоҳо атрофи ин қазия хомӯш бишаванд.
Ёдрас мекунем, ки Александр Содиқов, унвонҷӯ (докторант)-и Донишгоҳи Торонто (Канада) рӯзи 16-уми июн дар Хоруғ зимни анҷом додани таҳқиқот боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯро ба фаъолияти иктишофӣ ва тахрибкорӣ гумонбар донист.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста