Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қарор кард, ки раиси ҳизб, ҳуқуқшинос Раҳматилло Зойиров муовини худ Шуҳрат Қудратовро шахсан ҳимоят мекунад.
Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик ӯ ҷиҳати зери ҳимоя гирифтани манфиатҳои муовинаш бо мактуби расмӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ муроҷиат мекунад.
Зойиров бар ин назар аст, ки Қудратовро барои интиқоди шадид ва ба маърази ом гузоштани иштибоҳоти сохторҳои давлатӣ, бахусус Агентии зиддифасод ва шахсан роҳбари он Абдуфаттоҳ Ғоиб боздошт карданд.
«Илова бар ин, тайи чанд соли ахир Шуҳрат бо ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳову афроди барои ҳукумат номақбул – бозори «Зарнисор» дар маҳалли 102, раиси ширкати «Мовароуннаҳр», шахсони маъруф Ёқуб Салимов ва Зайд Саидов назди ҳукумат хеле зиёд «имтиёзот»-и манфӣ касб намуда, барои Агентии зиддифасод ба шахси манфур табдил ёфт, - мегӯяд раиси ҲСДТ. – Аз ҳамин ҷо «фармоиш» ба Шуҳрат Қудратов, ки андешааш дар ин ниҳод рӯз то рӯз «пухта мерасид», маълум мешавад».
Дар робита ба боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов имрӯз Агентии зиддифасод маълумоти расмӣ интишор кард. Дар маълумот зикр мегардад, ки адвокат аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдо дониста шуда, рӯзи 21-уми июл боздошт ва ҳамон рӯз нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шуҳрат Қудратов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мазкур нигаҳдорӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста