Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафари расмии Сергекй Лавров ба Душанбе бо баргузории маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мегардад.
Нимаи дуюми рӯзи 30-юми июл вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия доир гардида, аз натоиҷи он ба матбуот маълумот дода хоҳад шуд. Худи ҳамин рӯз Лавров бо дипломатҳои ҷавони тоҷик мулоқот мекунад.
Ахири рӯзи чоршанбе вохӯрии вазири корҳои хориҷии Русия бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Санаи 31-уми июл Сергей Лавров дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ширкат меварзад. Нимаи дуюми ҳамин рӯз вазири корҳои хориҷии Русия ба Маскав бармегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста