Рӯзи 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сафар рӯзи 31-уми июл вазири корҳои хориҷии Чин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.
Ҳамчунин рӯзи 31-уми июл Ван И дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт доир мегардад, ширкат меварзад.
Санаи 1-уми август дидору гуфтушуниди вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин дар назар аст. Худи ҳамон рӯз Ван И ба Пекин бармегардад.
Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо 4-уми январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Чин ба сегонаи шарикони бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, соли 2013 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳои бузурги Чин дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд. Тайи 6 соли ахир ҳаҷми сармоягузории андӯхтаи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 500 млн. доллари ИМА наздик мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста