Дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Аслов вазъи Афғонистон, масоили рушди тиҷорат ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ мешаванд. Соати 14-и имрӯз бо вақти маҳаллӣ Сергей Лавров ба Тоҷикистон меояд.
Бино ба маълумоти ИТАР-ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Русия, зимни гуфтушунид бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯз доир мегардад, баррасии масоили «густариши минбаъдаи шарикии стратегии бар эътимоди мутақобила ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарӣ асосёфта» дар назар аст.
Ба иттилои мнабаъ, Лавров ва Аслов оид ба мушкилоти муҳими байнулмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, ҳамчунин вазъи ҳозираи ҳамкориҳо дар бахшҳои илму фарҳанг, маориф, омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати кориро таҳлил мекунанд.
«Муносибатҳои миёни Русия ва Тоҷикистон тамоили густаришро касб намуда, «натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани тавофуқоти ҳосилшуда миёни кишварҳо зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон (октябри соли 2012) ва сафари президенти Тоҷикистон ба Русия (июл-августи соли 2013) мебошанд», - зирк кардаанд дар ВКХ Русия.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми имрӯз, 30-юми июл вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста