Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳор намуд, ки дарҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷиҳати узвият барои дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон боз аст.
Ӯ қайд кард, ки ояндаи наздик Арманистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гардида, бо Қирғизистон дар ин самт гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Ҳамроҳшавӣ ба ҷараёни ҳамгиройӣ ба таҳкими афзалияти рақобатпазирии кишварҳои узви Иттиҳод шароити мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқтисоди кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад», - иброз дошт Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид намуд, ки таҳкими робитаҳо бо шарикон аз кишварҳои ИДМ самти калидии стратегии сиёсати хориҷии Русия барои давраи дарозмуҳлат маҳсуб меёбад.
Ёдрас мекунем, ки 29-уми майи соли равон Русия , Беларус ва Қазоқистон дар шаҳри Остона шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба имзо расониданд, ки аз 1-уми январи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад. Таъсиси Иттиҳоди мазкур барои ба сатҳи бештар баландтари ҳамгиройӣ баромадани кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста