Имрӯз дар қароргоҳи ҳукумат дар пойтахт ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор оғоз мекунад. Барои иштиок дар кори ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, Чин – Ван И, Ӯзбекистн – Абдулазиз Комилов ва Қирғизистон – Эрлан Абдилбоев ба Душанбе ташриф оварданд. Қазоқистонро дар ҷаласаи мазкур муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Аскар Мӯнисов намояндагӣ мекунад.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, то оғози кори ҷаласа субҳи имрӯз вазирони корҳои хориҷии «шашгонаи Шанхай»-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Зикр мегардад, ки дар ҷаласа лоиҳа дар таҳрири нави меморандуми намунавӣ оид ба уҳдадориҳои кишвари муроҷиаткунанда бо мақсади соҳиб шудан ба мақоми давлати аъзои Созмон ва тартиби пешниҳоди мақоми давлати ахзои СҲШ баррасӣ шуда, пас аз маъқул шуморидани он аз ҷониби вазирон, лоиҳаи ин санадҳо ба тасдиқи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ пешниҳод мешаванд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯза рӯзномаи нишасти навбатии СҲШ, ки моҳи сентябри соли равон дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ ва мувофиқа мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи сентябри ҳамин сол – ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро ба уҳда дорад.
СҲШ созмони байнулмилалии минтақавӣ буда, соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шуд. Ба ҷуз Ӯзбекистон, кишварҳои дигар узви «Панҷгонаи Шанхай» мебошанд, ки дар асоси баимзорасии созишнома миёни панҷ кишвар солҳои 1996-1997дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи марзӣ таъсис дода шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста