Нимаи дуюми рӯзи 31-уми июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Йи-ро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир гардид.
“Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин афзалияти доимии сиёсати хориҷии мо ва намунаи ибратбахши робитаҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аст”, - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамчунин зикр гардид, ки “муносиботи ҳасанаи мо ба ҳамсонӣ ва наздикии мавқеъҳои ду давлат дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ба мувофиқати қавлу амали мо дар масоили рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар такя доранд”.
Тавре Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, “миёни мақомоти сатҳи олӣ ва баланди Тоҷикистону Чин боварии амиқи дуҷониба, дӯстии самимӣ ва дастгирии ҳамдигар ташаккул ёфтааст ва мо ин ҳолатро гиромӣ медорем”.
Чунонки зикр гардид, шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ки як сол пеш эълон гардида буд, бо густариши робитаҳо ва ҳамкории амиқи судбахш дар амал эҳсос мегардад.
Тасмимоти басо муҳими дуҷониба, аз ҷумла доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон, оғози корҳо барои маблағгузорӣ ва сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва қабули Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Чин барои солҳои 2015-2020 намунаҳои пурарзиши шарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя номида шуд.
Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва илму техника табодули назар карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои судбахш миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар самти нигаҳдории амну суботи минтақавӣ зоҳир гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста