Доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар мақолаи интишоргардидаааш дар торнамои Centrasia.ru аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!».
Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки ба дараи Роғун ҳавопаймоҳои сершумори бомбафкани худро саафарбар намуда, сарбандро мавриди бомбаандозӣ бо бомбҳои муосир қарор бидиҳад». Дар баробари ин ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ба артиши Тоҷикистон аз вилояти Сурхондарё бо самти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарбаи огоҳкунанда расонида шавад.
Ба андешаи ӯ, Ӯзбекистон комилан муътақид аст, ки интихоби «мушовирон» ва «коршиносон» барои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, ки муддати чор соли ахир Бонки ҷаҳонӣ доир намуд, бо дар мавридҳои сершумор риоя нашудани меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифт.
«Далели ниҳоят ҳавасмандии «коршиносон» ҳадди ақал бо он тасдиқ мегардад, ки пардохти маблағи хизматгузории онҳоро худи ҳукумати Тоҷикистон, яъне тарафи ниҳоят манфиатдор анҷом медод», - қайд мекунад Абдуллоев.
Дар мақола ба ташхис ҷалб нагардидани мутахассисону ӯзбеку амрикоӣ зикр шуда, гуфта мешавад, «чун ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ба сохтмони ин сарбанд беш аз 300 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунаду ин ҳам дар ҳоли таҳти пӯшиши Бонки ҷаҳонӣ қарор доштан, мо ба гумонбар шудан ба ҷой доштани баъзе найрангҳои пинҳонӣ дар ҳамаи ин ҳуқуқ дорем».
Академики ӯзбек ҳамчунин ба раҳбарияти кишвараш машварат медиҳад, ки муҳоҷирони кориро аз хориҷи кишвар ба ватан даъват кунад, зеро «танҳо бо бомбаборон кардан ин сарбанди бузург хароб намегардад ва маҳз дар ҳамин ҷо дастони пурқуввати муҳоҷирон заруранд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста