Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мутмаин аст, ки Ӯзбекистон нисбати Тоҷикистон аз ҳеҷ фишоре кор намегирад.
Дар шарҳи изҳороти «академик»-и ӯзбек оид ба даъват аз ҳукуматаш бобати бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун ва зарба ба артиши тоҷик, Мулллоҷонов қайд кард, ки амали аз ҳама зиёде, ки дар ин росто Ӯзбекистон пеш гирифта метавонад, ин боз ҳам бастани роҳҳо хоҳад буд.
«То замоне, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дорад, дар самти низомӣ Ӯзбекистон ба мо фишор оварда наметавонад ва чизе, ки айни замон ӯзбекон мегӯянд, ҳеҷ чизи наве нест», - мутмаин аст Муллоҷонов.
Ӯ бар ин назар аст, ки бо талаби Ӯзбекистон Бонки ҷаҳонӣ ташхиси такрории лоиҳаи нерӯгоҳи Роғунро баргузор нахоҳад кард. «Ягона мушкиле, ки изҳороти Ӯзбекистон дар пай дошта метавонад, ҷараёни дарёфти маблағгузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳ буда метавонад, - мегӯяд сиёсатшинос. – Сармоягузор хоҳ нохоҳ мавқеи Тошкандро ба инобат мегирад. Тоҷикистон яккаву танҳо дар ин самт кори зиёде аз дасташ намеояд. Дар ҷустуҷӯи маблағгузорӣ корҳо бештар самаранок мешуданд».
Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 50-60-уми асри гузашта дар доираи нақшаи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия гардида буд. Имрӯз ин минтақа ба як қатор кишварҳи соҳибистиқлол тақсим шудааст.
Моҳи июни соли равон Бонки ҷаҳонӣ гузориши пешакии арзёбии таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва таҳқиқоти арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро интишор намуд.
Аммо Ӯзбекистон ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин хулосаҳои коршиносон розӣ шуданӣ нест. Дар вохӯрии ахири намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Алмаато муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов дар ин робита изҳор кард , ки Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолате амалишавии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дастгирӣ намекунад.
Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали соли 2014 дар корҳои идомаи сохтмон ва барқароркунии нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 340 млн. сомонӣ (тақрибан 68 млн. доллари ИМА) маблағҳо азхуд шудаанд , ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,1 баробар зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста