Академики ӯзбек Рустамҷон Абдуллоев муаллифи мақолаи чанде қабл дар торнамои Centrasia.ru нашршударо, ки дар он ба бомбаборон кардани сарбанди Роғун даъват мешавад, рад мекунад .
Дар муроҷиат ба раҳбарияти торнамо Абдуллоев қайд мекунад, ки дар ин сомона беш аз 20 мақолаи ӯ дар мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба нашр расидаааст, ки барои ин аз онҳо хеле миннатпазир аст.
«Шояд аз ин рӯ санаи 4-уми август дар торнамои шумо боз як мақолае таҳти унвони «Узбекистан должен предпринять срочные меры для укрепления своей гегемонии в ЦАР, - академик Р.Абдуллаев бо зикри номи ман ҳамчун муаллиф ба табъ расидааст, вале ман муаллифи ин мақола нестам ва онро ба унвони Шумо фиристода наметавонистам», - зикр мегардад дар раддияи академик.
Абдуллоев дархост мекунад, ки дар бораи муаллифи мақола набудани ӯ ва асоси воқеӣ надоштани ин далел раддияи дахлдор нашр карда шавад, «яъне дар бораи он ки ман муаллифи мақола нестам ва агар имкон бошад, он аз торнамо хориҷ гардад».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта доктори улуми иқтисод, академик аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев дар мақолаи интишоршуда дар торнамои Centrasia.ru аз ҳукумати кишвараш даъват кардааст, ки ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон ултиматум гузорад: «Ё ба сохтмони сарбанди худ хотима бахшед ё мо маҷбурем, ки чораҳои қатъӣ биандешем!».
Дар идомаи мавод академик менависад, ки агар ультиматум бидуни посух монад, «пас Ӯзбекистонро лозим аст, ки ба дараи Роғун ҳавопаймоҳои сершумори бомбафкани худро саафарбар намуда, сарбандро мавриди бомбаандозӣ бо бомбҳои муосир қарор бидиҳад». Дар баробари ин ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки ба артиши Тоҷикистон аз вилояти Сурхондарё бо самти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарбаи огоҳкунанда расонида шавад.
Дар ҳамин ҳол, ин мақолаи пурсарусадо то ҳанӯз аз торнамои Centrasia.ru хориҷ карда нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста