Ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 600-солагии классики адабиёти тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҲХДТ ба баргузории як силисила чорабиниҳо дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон оғоз намуд.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл бо иштироки муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ва мудири иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷомӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шоири машҳури тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ конфронси илмӣ доир гардид.
«Дар кори конфронс адибону шоирони шинохтаи кишвар, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маркази ноҳия бо мусоидати бахши ҲХДТ корхонаи хурди ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифт», - иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки шомгоҳон дар боғи фарҳангу истироҳати ноҳияи Ҷомӣ шоми наср, намоишгоҳи дастовардҳои ноҳия баргузор шуда, имрӯз низ чорабиниҳои аз ҷониби ҳизб ташкилшуда идома меёбанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста