Моҳи сентябр президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон ташриф оварданист. Сарвари давлати Ӯзбекистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ширкат меварзад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафари кории сарвари давлати кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди «як ба як»-и ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби мухолифатҳои ҷойдошта миёни кишварҳо дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле кам бо ҳамдигар дидору гуфтушунид мекунанд.
Вохӯрии ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов беш аз чор сол қабл – ҳамчунин дар доираи нишасти СҲШ моҳи июни соли 2010 дар Тошканд баргузор шуда буд.
Бори ахир моҳи августи соли 2008 Ислом Каримов аз Душанбе боздид намуда, дар кори нишасти «шашгонаи Шанхай» иштирок карда буд.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин маротиба изҳор намудаанд, ки мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳои кишварҳоро бидуни миёнаравҳо, тариқи гуфтушунидҳои дуҷониба ҳаллу фасл карданианд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста