Бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои тахриби бинои дафтари кориаш дар маркази маъмурии вилоят нимаи моҳи июн пагоҳ аз болои мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ба додгоҳ шикоят бурданист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Ёқубов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мақомоти шаҳрдории Хуҷанд рӯзи 17-уми июн зимни кӯчонидани дафтари кории бахши ҲНИТ дар шаҳр ба онҳо итминон дода буданд, ки арзиши бино ҷуброн гардида, барои сохтмони бинои нави дафтари корӣ аз ҷониби ҳукумат қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
«Рӯзи 2-юми июл мо расман ба мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ҷиҳати иҷрои ваъдаашон муроҷиат намудем, вале то ҳанӯз ба мактубамон посух нагирифтаем, - мегӯяд Ёқубов. – Агар имрӯз, 11-уми август раҳбарияти шаҳрдорӣ ба мактуби мо посух нагӯяд, мо маҷбурем, ки рӯзи 12-уми август ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кунем».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста