Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди ҷашни Иди истиқлоли Покистон ба нахуствазири ин кишвар Навоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихӣ ва муштаракоти зиёди фарҳангӣ пайваста, солҳои охир самти покистонии сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаъолтар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар тадриҷан инкишоф ёфта истодаанд.
«Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод», - омадааст дар барқия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста