Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мунсибати солгарди навбатии истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ба президенти ин кишвар Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки комёбиҳои назарраси Ҳиндустон дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст. Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки мо бо он муносиботи гунонгунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон изҳори итминон мекунад, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак кишварҳо метавонанд пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоянд, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста