Зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе мушовири аввали сафоратхонаи Лаҳистон (Полша) дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски изҳор намуд, ки айни замон ифтитоҳи намояндагии дипломатии Лаҳистон дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Ӯ шарҳ дод, ки масъалаи мавҷуд набудани сафоратхонаи Лаҳистон дар Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ марбут аст. «Вазорати корҳои хориҷии мо чун ВКХ Тоҷикистон аз имконоти зиёди молӣ бархӯрдор нест. Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон низ дар шаҳри Берлин воқеъ аст», - иброз дошт ӯ.
Стшалковски таъкид дошт, ки онҳо ният доштанд дар шаҳри Хуҷанд як нуқтаи консулгарӣ боз намоянд, вале бинобар сабаби мушкилоти фаннӣ ин кор сурат нагирифтааст.
Ба қавли ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон раводид барои вуруд ба Лаҳистонро метавонанд аз намояндагиҳои длипломатии Лаҳистон дар шаҳрҳои Тошканд ва Алмаато дастрас намоянд.
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Лаҳистон дар ҶТ, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 37% афзуда, афзоиши ҳаҷми содироти мол аз ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 30%-ро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста