Бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 20 августи соли 2014 дар шаҳри Норак Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва ҷамъбасти озмуни Ҷоизаи «Фаъолону ҷонибдорони беҳтарини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ба китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо» китоби президенти Тоҷикистон, раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмонро бо соядасти сарвари давлат дар вазъияти тантанавӣ супорид. Дар суханрониҳои худ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода,раиси шаҳри Норак, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Миралӣ Раҷабзода вобаста ба таърих, дастовардҳои ҳизб дар тӯли 20 сол ибрози ақида намуда, қайд намуданд, ки бояд ҳар аъзои ҳизб мутафиқона тамоми кӯшишу ғайраташро баҳри амалӣ гардондани нақшаву барномаҳои воқеиии ҲХДТ равона намуда, ҷиҳати ба ҳадафҳои созандаи ҳизб ноил гардидан саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми Рӯзҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак дар боғи марказии шаҳр барномаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ ва Намоишгоҳи дастовардҳо доир гардида, ба ғолибони озмуни «Фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ» Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста