Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Душанбе дидору гуфтушунидҳои ӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар назар аст.
«То имрӯз аз кишварҳои дорои мақоми нозир дар СҲШ танҳо Афғонистон намояндагони ҳайати худ барои иштирок дар нишасти СҲШ дар Душанберо муайян накардааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, кишварҳои дигари нозири созмон – ҳайати Эрону Покистон ва Муғулистонро дар нишасти Душанбе мутаносибан президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, нахуствазири Покистон Навоз Шариф ва президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорҷ раҳбарӣ мекунанд.
Ҳайатҳои давлатҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ хоҳанд кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар доираи иштирок дар кори нишасти СҲШ сарони кишварҳои Эрону Чин ва Қирғизистон сафарҳои расмии худ ба Тоҷикистонро анҷом медиҳанд.
Ба андешаи коршиносони байнулмилалӣ, Муғулистон, ки имрӯз дар СҲШ мақоми нозирро дорад, барои узви комилҳуқуқи созмон шудан дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ соли 2015 дар Русия афзалияти бештар дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста