Маҳмудҷон Файзраҳмонов, котиби матбуотии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба мақолаи интишоршуда дар нашрияи «Ҷумҳурият» изҳор намуд, ки «вақт нишон хоҳад дод, ки оид ба ин айбномаи нав нисбати мо чӣ гуна амал хоҳем кард, зеро ин мақолаи нахуст ва бори аввал нест, ки мансабдорон ё нашрияҳои ҳукуматӣ хоҳони бадномкунии як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошанд».
Ёдрас мекунем, ки санаи 19-уми август рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар мақола таҳти унвони « Нақшаҳои пинҳонии ҲНИТ» Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ғарбро ба омодасозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон айбдор кард. Муаллифи мақола мутмаин аст, ки ИМА дар табадддулотҳо манфиатдор буда, ҲНИТ ба туфайли «сармоягузорон»-и исломӣ фаъолият дорад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов бо боварӣ мегӯяд, ки ин мавод як навъе посух ба изҳороти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни солгарди ваҳдат ва ризоияти миллӣ аст. «Он замон раиси ҳизб суханҳои Саид Абдуллоҳи Нуриро мисол оварда, танҳо хотиррасон намуда буд, ки агар ин ҳукумат аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш набарояд, пас бояд ҷояшро ба дигар нерӯҳои сиёсӣ диҳад», - иброз дошт ӯ.
Сухангӯи ҳизб ҳамчунин зикр кард, ки чунин изҳорот барои кишварҳои демократӣ як чизи маъмулӣ аст, вале барои давлате чун Тоҷикистон қобили қабул нест.
Ӯ ҳамчунин аз се мавриди қаблии аз болои се шабакаи телевизиони давлатӣ – «Сафина», «Шабакаи аввал ва «Ҷаҳоннамо» шикоят бурдани ҲНИТ ёдовар шуда, қайд кард, ки ба онҳо ҳеҷ вокунише нишон дода нашуд.
Дар ҳамин ҳол, аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита зикр карданд, ки алҳол аз шарҳи назар оид ба ин мавод, ки дар он Вашингтонро ба омодасозии инқилоб дар Тоҷикистон мутттаҳам мекунанд, худдорӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста