Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гузориши рӯзи 25-уми август тариқи шабакаҳои давлатии телевизион пахшшуда дар бораи рафтори ғайриахлоқии сокини Панҷакент Ҳабибулло Гуловро қотеъона маҳкум намуда, изҳор медорад, ки номбурда узви ҲНИТ нест ва ба ҳизб ҳеҷ муносибате надорад.
Дар ин робита ҲНИТ изҳор мекунад, ки ин амали мақомот идомаи туҳматпароканиҳои ғайриахлоқии онҳо алайҳи ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонӣ аст.
«Раҳбарияти ҲНИТ баъд аз тафтиши рӯйхати ягонаи аъзои ҳизб ва дар мувофиқа бо гуфтаҳои масъулини хеш дар Панҷакент изҳор медорад, ки Нуралиев Ҳабибуллоҳ Гулович, сокини ин ноҳия узви ҳизби мо нест», - гуфта мешавад дар изҳороти интшоршудаи ҳизб.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоле ки мақомот дар ин гуна барномаҳои худ амали шахсҳоеро "бадномкунанда" мегӯянд, вале худ амали бадномкунӣ ва туҳматомезро дар ҳаққи дигарон раво мебинанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста