Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки мақомоти маҳалли дар водии Рашт дар баргузории ҷаласаи моҳонаи шуъбаи мазкур монеагузориҳои сунъӣ эҷод карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ аз қавли Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ (НТМ), ҷаласаи моҳонаи сайёри ин шуъба бояд фардо дар дафтари кории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор мегардид, аммо бо сабаби "даъват" шудани раиси бахши ҲНИТ, Қурбоналй Саидмуродов ба дафтари шуъбаи амнияти миллии ноҳия ва ҳамчунин ба сабаби даъвои раиси "Тоҷикматлубот"-и Ҷиргатол, ки дафтари ҳизб дар бинои марбут ба ин ниҳод воқеъ аст, барои бекор кардани иҷораи дафтар, ҷаласаи мазкур дар ин ноҳия баргузор нахоҳад шуд.
Раҳматуллоҳи Раҷаб гуфтааст, ки ин шуъба ҷаласаро дар яке аз навоҳии минтақаи Рашт баргузор хоҳад кард, аммо ба сабаби шуниди муколамаҳо тарафи мақомот ҷои ҷаласаро мушаххас накард.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод, ки интизор мерафт дар ҷаласаи мазкур ширкат кунад, аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур ба дафтари ин ниҳод "даъват" шуда, то ҳол дар дафтари ШКД мебошад ва ШКД-и ноҳия "даъват"-ро ба кадом мушкили ҳамсоягй рабт медиҳад, аммо ба гуфтаи шоҳидон, ҳадаф аз он монеи ширкат кардани ӯ дар ҷаласаи мазкур шудан аст.
Зимнан зикр мегардад, ки масъулини шубаи ҲНИТ дар НТМ, ки феълан дар минтақаи Рашт барои ширкат дар ҷаласа қарор доранд, аз бозҷӯӣ ва талаби шиноснома дар ҳар постаи бозрасӣ аз тарафи милитсаҳо нигаронӣ карда, ин амали мақомотро тарҳрезишуда баҳри баргузор нашудани ҷаласа медонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста