Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имзои оташбаси дарозмуддат байни Ҳамос ва Исроилро ҷонибдорӣ намуда, онро пирӯзии мардуми муборизи Фаластин дар ин набарди нобаробар алайҳи артиши ишғолгар медонад.
Дар баёнияи дар ин робита интишоршудаи ҲНИТ зикр мегардад, ки ин пирузӣ натиҷаи мубориза ва муқовимат ва устувории фаластиниҳо барои расидан ба истиқлолият ва ташкили давлати миллиашон дар сарзамини аҷдодии хеш буда, дар муборизаи муқаддас тамоми миллатҳо, созмонҳо ва ҳукуматҳои озодихоҳу адолатпешаи ҷаҳон мардуми Фаластинро пуштибонӣ намуда, ҷиноятҳои Исроилро маҳкум намуданд.
«Боиси фахр аст, ки мардуми Тоҷикистони азизи мо ҳам дар ин набарди ҳақ бар ботил, адолат бо зулм ва озодӣ алайҳи истеъмор бетараф набуд ва бо дуъову мавқеъгириҳои худ дар паҳлуи бародарони фаластинии худ буданд», - омадааст дар баёнияи ҲНИТ.
Гуфта мешавад, бинобар ин, Шурои сиёсии ҲНИТ миннатдории худро ба Ҳукумати ҶТ, созмонҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва рузноманигорон, уламо ва хатибони муҳтарам, ба хусус, ба мардуми муъмину инсондӯсти кишварамон барои чунин мавқеъгирии шарафмандона изҳор менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста