Дар арафи оғози соли нави хониш имрӯз бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду мактаби таҳсилоти умумии нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби №62 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, зимни суханронӣ дар ин маросим зикр кард, ки ин мактаб аз 30 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир барои гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ ва ошхонаи барҳаво иборат буда, инчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои тарбияву ташаккули малакаи зебоипарастии наврасон мебошад ва дар ду баст 1280 нафар хонандаро фаро мегирад.
«Муасисаи таълимии имрӯза бо харҷи қариб 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, боз як нишонаи равшани ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат дар самти тарбияи насли ояндасози миллат мебошад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Сипас бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Шафақи кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Чунонки зикр гардид, мактаб бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, дорои 30 синфхона мебошад. 6 синфхонаи он барои дарсҳо аз фанҳои дақиқ бо дастгоҳу таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз шудааст. Мактаб 2 синфи компютерӣ барои омӯзиши асосҳои кор бо компютер ва 2 синфи лингафонӣ барои забонҳои хориҷӣ дорад.
Толори маҷлисии мактаб 308 ҷойи нишаст дошта, барои маърӯзаҳои умумӣ, маҷлисҳои корию тантанавӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст. Толори варзишӣ ғайр аз шароити стандартии машқу тамрин боз 118 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Ошхонаи мактаб дар таҳхона ҷойгир шуда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста