Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон Мадисо Ҷалиловро мкақомоти андози ноҳия ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» тариқи телефон худи ҷабрдида М.Ҷалилов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз кормандони мақомоти андози ноҳия ва иҷрочии суд ба хонааш омада, ҳарчи зудтар пардохт намудани маблаги ҷаримаро талаб кардаанд.
«Бинобар сабаби гӯё аз ҷониби ман истифода шудани манзилам ба сифати дафтари кории бахши ҳизб, қаблан маро ҷарима кардаанд, ки ман бо ин қатъиян розӣ нестам. Мақомоти андоз мегӯянд, ки барои ба сифати дафтари кории ҳизб истифода кардани хонаам, ман бояд сертификат гирифта, андозҳоро пардохт мекардам, вале ҲНИТ дар Шӯрообод дафтари корӣ надорад ва ман ҳеҷ гоҳ манзиламро ба сифати дафтари кории ҳизб истифода накардаам», - қайд кард Ҷалилов.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳодисаи мазкур низ яке аз қисматҳои маъракаест, ки ҳукуматдорон алайҳи ҲНИТ роҳандозӣ кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста