Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ва Намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Сароҷ Кумар Ҷҳа ва Намояндаи нави бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 255 миллион доллари амрикоиро, асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло бо назардошти маблағҳои фондҳои трастӣ 14 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 232 миллион доллари амрикоӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, маъмурикунонии низоми андоз ва кадастри замин равона шудаанд.
Чунонки зикр гардид, дастгирии бахши хусусӣ тавассути беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини дастрасии мардум ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз афзалиятҳои кори Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста